Солҳои охир дар самти ислоҳоти корхонаҳои бузурги дорои саҳми давлатӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии идоракунии корпоративӣ ва ҳисоботдиҳӣ корҳои мунтазам анҷом дода мешаванд. Қадами муҳим дар ин раванд таъсиси Фонди миллии сармоягузорӣ ва ҷалби ширкати "Franklin Templeton" ба идоракунии он гардид.

Моҳи гузашта Фонди миллии сармоягузорӣ бори аввал дороиҳои худро ба маблағи 690 миллион доллар дар бозори байналмилалӣ ҷойгир намуд. Ин иқдом нишон дод, ки Ӯзбекистон омода аст тибқи қоидаҳои бозорҳои ҷаҳонии сармоя фаъолият намояд. Ҳангоми ҷойгиркунӣ талабот чор маротиба аз пешниҳод зиёд буда, аз ҷониби сармоягузорони бузург дархостҳо ба маблағи қариб 3 миллиард доллар ворид шуданд.

Акнун вазифа гузошта шудааст, ки раванди трансформатсияи 13 ширкати бузурги ба портфели фонд дохилшуда суръат бахшида шуда, онҳо ба IPO омода гарданд. Аз ҷумла, қарор аст корҳои омодагӣ дар чунин ширкатҳо, аз қабили "Uzbekistan Airways", «Ӯзсаноаткурилишбанк», «Ӯзбекгидроэнерго», «Ӯзбекистон миллий электр тармоқлари» и «Ӯзбектелеком» то охири соли ҷорӣ ба анҷом расанд.

Масъалаҳои ташкили ин равандҳо дар мисоли ҶС  "Uzbekistan Airways"баррасӣ шуданд.

Мутахассисони ширкати "Franklin Templeton" фаъолияти ширкати ҳавопаймоиро таҳлил намуда, барномаи тағйиротро таҳия кардаанд, ки 115 чорабиниро дар бар мегирад. Тибқи ҳисобҳо, дар сурати татбиқи пурраи ин барнома фоидаи амалиётии ширкат метавонад дар як сол то 120 миллион доллар афзоиш ёбад.

Аз ҷумла, қайд гардид, ки тавассути беҳсозии хатсайрҳо, зиёд намудани фурӯши мустақим, такмили низоми хизматрасонӣ ба муштариён, коҳиш додани фосилаи байни парвозҳо, кам кардани ҳолатҳои бекоршавӣ ва таъхири парвозҳо, баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои хизматрасониҳои кейтеринг ва нигоҳдории техникии ҳавопаймоҳо, мутобиқшавии фаврӣ ба вазъи бозор ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба метавон даромади иловагӣ ба даст овард.

Дар натиҷаи татбиқи ин тадбирҳо арзиши бозории ширкати ҳавопаймоӣ метавонад аз 1,6 миллиард доллар то 2,3 миллиард доллар афзоиш ёбад. Ҳамзамон таъкид шуд, ки бо вуҷуди таҳияи барнома чанд моҳ пеш, суръати амалисозии он ҳанӯз ҳам паст боқӣ мондааст.

Сарвари давлат зикр намуд, ки барои омода намудани ширкат ба бозорҳои байналмилалии сармоя пеш аз ҳама зарур аст сифати идоракунӣ ба таври ҷиддӣ беҳтар карда шавад, интизоми молиявӣ таҳким ёбад, ҳисоботдиҳӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардад ва рейтинги қарзии ширкат боло бурда шавад.

То охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз 15 то 20 фоизи саҳмияҳои ширкати миллии ҳавопаймоӣ тавассути IPO-и байналмилалӣ ба фурӯш бароварда шаванд. Бо ин мақсад барои баҳодиҳии воқеии фаъолияти ширкат, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории он, аз тавозуни ширкат хориҷ намудани ҳавопаймоҳои махсус ва ҷорӣ кардани механизми ҷуброни хизматрасониҳои дар доираи фармоиши давлатӣ анҷомёфта чораҳои амалӣ муайян гардидаанд.

Дар ҷараёни тақдимот инчунин қайд гардид, ки рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ низ дар назди ширкати ҳавопаймоӣ талаботи нав мегузорад. Аз аввали сол шумораи сайёҳони ба кишвар воридшуда 27,5 фоиз афзоиш ёфта, ба қариб 5,5 миллион нафар расидааст. Аз ҷумла, шумораи сайёҳон аз Чин, Малайзия, Ҷопон ва ИМА ба таври назаррас зиёд шудааст.

Бо вуҷуди ин, ширкати миллии ҳавопаймоӣ ҳанӯз натавонистааст ба ин афзоиш зуд мутобиқ шавад. Дар раванди васеъ намудани парки ҳавопаймоҳо таъхирҳо ба мушоҳида мерасанд.

Дар робита ба ин вазифа гузошта шуд, ки низоми харид дар ширкати ҳавопаймоӣ тибқи тартиби махсус ташкил карда шуда, қарорҳо оид ба васеъ намудани парки ҳавопаймоҳо ба таври фаврӣ қабул шаванд ва таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт ҷорӣ гардад.

Президент таъкид кард, ки тамоми имкониятҳо барои табдил додани Тошканд ба бузургтарин хаби ҳавоии Осиёи Марказӣ мавҷуданд. Барои ин зарур аст ҳамкории байни "Uzbekistan Airways", "Uzbekistan Airports" ва фурудгоҳи Тошканди Нав дар асоси низоми ягона ҳамоҳанг карда шуда, инфрасохтор, шабакаи хатсайрҳо ва имкониятҳои транзитӣ ба таври ҳамгиро рушд дода шаванд.

Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки барои ташкили низомноки раванди трансформатсияи ширкатҳои ба портфели Фонди миллии сармоягузорӣ дохилшуда дафтари махсуси лоиҳавӣ таъсис диҳанд, ба ҳайатҳои идоракунӣ мутахассисони дорои дониши амиқи бозорҳои байналмилалии молиявӣ ва таҷрибаи амалӣ ҷалб намоянд, барои ҳар як ширкат нақшаи мушаххаси омодагӣ ба IPO таҳия карда, иҷрои қатъии онро таъмин созанд.