Ширкати амрикоии SpaceX, ки ба миллиардер Илон Маск тааллуқ дорад, рӯзи сешанбе партоби ракета-борбарро бо прототипи киштии кайҳонии Starship дар доираи озмоиши шашуми орбиталӣ анҷом дод. Рӯйдод дар саҳифаи ширкати мазкур дар X (қаблан Twitter) намоиш дода мешавад.
Барои тамошои партоб бори аввал Президенти интихобшудаи ИМА Доналд Трамп ҳамроҳ бо Маск ҳозир шуд. Пеш аз партоб роҳбари SpaceX ба сиёсатмадор дар бораи хусусиятҳои техникии киштии кайҳонии Starship маълумот дод.
Партоб аз майдони парвозии космодроми Бока-Чика (штати Техас) сурат гирифт. Starship, ки аз ду қисм - қисми болоӣ ва суръатбахши Super Heavy иборат аст, барои санҷиши такмилоти асосии техникӣ, аз ҷумла такроран оташ гирифтани муҳаррики Raptor дар кайҳон, санҷиши сипари гармӣ ва тағйирот барои фуруди идорашаванда дар уқёнуси Ҳинд, омода шудааст.
SpaceX бо таҳияи прототипи киштии кайҳонии Starship машғул аст, ки интизор меравад барои парвозҳои идорашаванда ба Марс истифода шавад. Ба гуфтаи соҳибкор, Starship метавонад дар давоми ду сол дар реҷаи бидуни сарнишин ба Марс фиристода шавад. Ҳадафи асосии Маск — дар муддати 20 сол таъсиси шаҳри мустақил дар Марс мебошад, хабар медиҳад tass.ru.