Таъмини амнияти энергетикӣ ва расонидани мунтазами захираҳои энергетикӣ ба соҳаҳои иқтисод яке аз омилҳои муҳими рушди кишвар ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин, ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ, васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва тақвияти корҳои геологию иктишофӣ дар соҳаи газ диққати махсус дода мешавад.

Дар тақдимот таъкид гардид, ки вазифаи асосии ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекнефтегаз» зиёд намудани захираҳои гази табиӣ ва ҳаҷми истихроҷи он мебошад. Қайд шуд, ки ширкат бояд барои зиёд намудани истихроҷи шабонарӯзии газ аз 66 миллион метри мукааб то 70 миллион метри мукааб ва истеҳсоли на кам аз 25,4 миллиард метри мукааб газ дар соли ҷорӣ чораҳо андешад.

Пешниҳодҳо оид ба истифодаи имкониятҳои мавҷуда баррасӣ гардиданд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади афзоиши захираҳои газ зарур аст блокҳои нави умедбахши сармоягузориро ташаккул дода, инчунин иҷрои корҳо дар баъзе қитъаҳои ба сармоягузорон пешниҳодшуда тезонда ва самаранокии онҳо баланд бардошта шаванд.

Ишора шуд, ки иқтидорҳои истеҳсоли нафт ҳоло танҳо ба андозаи 70 фоиз истифода мешаванд ва маҳсулот бо нархи 50 фоиз арзонтар содир мегардад. Бо дарназардошти он ки коркарди нафт ба маҳсулоти полимерӣ имкон медиҳад арзиши иловагӣ 6 маротиба зиёд карда шавад, супориш дода шуд, ки барои пурра истифода бурдани иқтидорҳои мавҷуда чораҳо андешида шаванд.

Илова бар ин, тадбирҳо оид ба беҳтар намудани вазъи молиявии «Ӯзбекнефтегаз» баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа ба масъалаҳои мубориза бо толону тороҷ ва коррупсия дар соҳаи нафту газ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Бо мақсади пешгирии хавфҳои коррупсионӣ дар сохтори ширкат вазифаи алоҳидаи муовини раиси раёсат ҷорӣ гардида, инчунин хизмати комплаенс ва назорати дохилии зиддикоррупсионӣ таъсис дода шуд. Вазифа гузошта шуд, ки дар соҳа низоми самараноки ошкор ва пешгирии саривақтии ҳама гуна қонуншиканиҳо ташаккул дода шавад.

Президенти кишвар ба шахсони масъул оид ба амиқсозии трансформатсия дар соҳаи нафту газ, зиёд намудани захираҳо ва ҳаҷми истихроҷи газ, инчунин таҳкими интизоми молиявӣ супоришҳои дахлдор дод.