Дар тақдимот таъкид шуд, ки дар солҳои охир дар мамлакат чорабиниҳои муттасил оид ба рушди иқтисодиёти рақамӣ, рақамисозии хидматрасониҳои давлатӣ ва ташаккули экосистемаи инноватсионӣ ба амал татбиқ мегарданд. Бинобар тадқиқотҳои коршиносони хориҷӣ, солҳои 2024-2025 қимати умумии стартап ва экосистемаи венчури мамлакат ба 3,9 миллиард доллар расид. Миқдори стартапҳои ватанӣ беш аз 750-то гардид. Ҳоло 15 фонди венчур амал менамояд, ки ҳаҷми сармояи венчур аз 180 миллон доллар гузашт.
Ӯзбекистон чун дуюмин мамлакате дар ҷаҳон шинохта мешавад, ки экосистемаи стартапаш хеле зуд инкишоф меёбад ва дар Осиёи Марказӣ бошад, аз лиҳози суръати афзоиш пешқадам аст.
Дар тақдимот таъкид шуд, ки то соли 2030 афзудани миқдори стартапҳо то 5 ҳазор, миқдори стартапҳое, ки ба бозори хориҷӣ баромадаанд, то 200, ҳаҷми сармояи венчурро то ба 2 миллиард доллар расондан ба нақша гирифта шудааст.
Бо ин мақсадҳо дар асоси таҷрибаи байналхалқӣ низоми чормарҳилагии дастгирии стартапҳо ба амал татбиқ мегардад. Дар марҳалаҳои ғояҳо, коркардҳо, корандозӣ ва вусъатёбӣ додани грантҳо, имтиёзоти андоз, механизмҳои ҳамдастӣ дар таъмини молиявӣ ва ҳамчунин ҷуброни харҷи содирот пешбинӣ мегарданд.
Оид ба рушди минбаъдаи хидматҳои давлатии электронӣ нақшаҳо баррасӣ гардиданд. Аз он ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки миқдори сервисҳои рақамӣ то 900 расонда шуда, доираи функсияи иловаи мобилии MyGov.uz васеъ гардида, татбиқи технологияи зеҳни сунъӣ ба беш аз 50 хидмат расонида, Реестри ягонаи аҳолӣ коркард ва ҳамчунин ҷараёнҳои кушодани тиҷорат пурра рақамӣ гардонда, баҳисобгирии соҳибкорони инфиродӣ, расмӣ гардондани кортҳои плостикии бонк, дарёфти SIM-картҳо, хидматрасонии бима ва реклама рақамӣ гардонда мешавад.
Дар ҷараёни тақдимот маълумот дар бораи кор оид ба фароҳам сохтани инфрасохтор барои технологияи зеҳни сунъӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамин тариқ, ҳоло ҳозир истифодаи суперкомпутери хурди замонавӣ ба кор андохта шуд, ҷараёни дар бобати соҳиб гардидан ва ба кор андохтани суперкомпутери бузург дар марҳалаи фаъол мебошад. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳа дар 15 муассисаи таълими олӣ лабораторияҳои зеҳни сунъӣ таъсис ёфта, зарфияти ихтисосҳои соҳавӣ баланд мегардад ва ҳамчунин имконот барои коркард ва татбиқи ҳалли зеҳни сунъии ватанӣ васеъ мегадад.
Ногузирии вусъат додани шабакаҳои дата-марказҳои замонавӣ дар минтақаҳои мамлакат ва ҳамчунин таъмини бехатарӣ ва бетанаффуси нигоҳдорӣ ва таҳияи маълумотҳо таъкид гардид.
Ба масъалаҳои рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд. Таъкид шуд, ки дар соҳаи мазкур суръати босуботи инкишоф таъмин мегардад: сол то сол суръат ва фарогирии интернет вусъат ёфта, сифати алоқаи мобилӣ беҳтар мегардад. Соли 2026 минбаъд ба амал татбиқ намудани технологияи 5G ба нақша гирифта шуда, фарогирии маҳалҳои аҳолинишин бо интернети баландсуръат ва ҳамчунин ҳарчи бештар истифода намудани алоқаи радифи сунъӣ ба нақша гирифта шудааст.
Президент таъкид кард, ки технологияи рақамӣ бевосита ба баланд бардоштани рақобатбардории соҳаҳои иқтисодиёт, самаранокии идораи давлат ва сифати ҳаёти аҳолӣ мусоидат менамояд ва ба шахсони масъул супоришҳоро бобати татбиқи вазифаҳои муайянгардида дод.