Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи велосипедронӣ дар кишвари мо, бахусус ҷалби васеи ҷавонону занон ба ин намуди варзиш ва ба ин васила тарғиби тарзи ҳаёти солим, амалӣ намудани нақшаҳои дарозмуддати якҷоя бо Конфедератсияи велосипедронии Осиё муҳокима шуданд.

Дар навбати худ О.Ал-Шафар ба корҳое, ки дар Ӯзбекистон ҷиҳати рушди велосипедронӣ ва шароит барои варзишгарон фароҳам оварда шудааст, баҳои баланд дод.

Меҳмонон бо қаноатмандӣ қайд намуданд, ки дар натиҷаи чунин таваҷҷуҳ дар Ӯзбекистон варзиши велосипедронӣ якбора боло рафтааст, ки дар натиҷа варзишгарони ӯзбек дар чемпионати Осиё дар моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон бомуваффақият иштирок намуданд.

Дар вохӯрӣ меҳмонон ҳамчунин доир ба ташкили мусобиқаҳо дар Ӯзбекистон оид ба намудҳои велосипедронӣ дар шоҳроҳ, кӯҳ ва трек, чемпионатҳои Осиё пешниҳоду эродҳо баён карданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро бо Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои афзалиятнок, аз қабили таҳкими заминаи моддию техникии дастаи мунтахаби велосипедронӣ, истифодаи имконоти он тавассути ҷалби мураббиёни хориҷӣ, омодагии ҳамаҷонибаи варзишгарон ба мусобиқаҳои бузурги оянда ривоҷ диҳанд, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.