Иқтидори саноатии Чилонзор рушд меёбад

    Президент Шавкат Мирзиёев бо лоиҳаҳое, ки дар минтақаи саноатии ноҳияи Чилонзори пойтахт амалӣ мешаванд, шинос шуд.

    Минтақаи хурди саноатӣ, ки дар ҳудуди маҳаллаҳои Бешқурғон ва Тирсакобод бо масоҳати 320 гектар ҷойгир аст, бар асоси қарори Президент аз 3 июли соли 2023 таъсис ёфтааст. Бар асоси ин ҳуҷҷат, инфрасохтори нақлиётӣ, муҳандисӣ-коммуникатсионӣ ва роҳсозӣ беҳтар гардонида шудааст, ки барои рушди саноат ва соҳибкорӣ шароит фароҳам овардааст.

    Дар ин ҷо иқтидорҳои истеҳсолии каммасрафи энергия ва аз лиҳози экологӣ бехатар ҷойгир шудаанд. Ҳоло шумораи чунин корхонаҳо ба 531 адад расидааст. Шумораи ҷойҳои кории таъсисёфта ба 20 ҳазор наздик мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсолӣ 6,8 триллион сӯмро ташкил медиҳад. Имсол 50 корхона ният доранд маҳсулотро ба маблағи 180 миллион доллар ба содирот бароранд. Дар гузашта ноҳияи Чилонзор ҳеҷ гоҳ ба чунин нишондиҳандаҳо ноил нашуда буд.

    Сарвари давлат аз корхонаи "Tarleplast" боздид намуда, бо раванди истеҳсолӣ шинос гардид.

    Арзиши умумии лоиҳа 25 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар корхона 12 намуди таҷҳизоти замонавии ширкатҳои пешқадами аврупоӣ насб шудааст. Ин имкон дод, ки истеҳсоли 90 ҳазор тонна лулаҳои пӯлодин ва профилҳои металлӣ дар як сол ба роҳ монда шавад. Ҳаҷми солонаи маҳсулот ба 900 миллиард сӯм мерасад. Дар корхона тақрибан 120 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфтааст.

    Хусусияти маҳсулот дар он аст, ки лулаҳо ба фишори баланд ва таъсирҳои беруна тоб меоранд, аз рӯи намуд ва нарх рақобатпазиранд. Инро содироти маҳсулот ба маблағи 4 миллион доллар ба Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли гузашта тасдиқ мекунад. Дар оянда густариши ҷуғрофияи содирот пешбинӣ шудааст.

    Президент ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти дар ин минтақаи саноатӣ истеҳсолшаванда дидан намуд ва бо пешниҳоди лоиҳаҳои ояндаи саноатӣ шинос шуд.

    Аз ҷумла, сохтмони бинои бисёрошёнаи истеҳсолӣ ва таъсиси мономарказ ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷа, боз 100 лоиҳаи нав дар минтақаи саноатӣ амалӣ шуда, 3 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Лоиҳаҳо самтҳое чун сохтмон, дорусозӣ, электротехника, полиграфия, автомобилсозӣ, дӯзандагиву трикотаж ва истеҳсоли шириниҳоро фаро мегиранд.

    Сарвари давлат бо соҳибкорон мулоқот намуда, оиди истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди изофашуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳаи хизматрасонӣ тавсияҳо дод.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates