Ба нақша гирифта шудааст, парвозҳои ҳавоӣ байни шаҳрҳо 30 октябри соли 2023 оғоз шаванд. Парвозҳо ба таври мунтазам ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе бо ҳавопаймоҳои навъи SU95 анҷом дода мешаванд.
Барои маълумот: Red Wings ширкати ҳавопаймоии Русия дар фурудгоҳи Домодедово буда, ба ҳамлу нақли мусофирони мунтазам ва чартерӣ тахассус дорад. Имрӯз ин ҳавопаймо аз панҷ шаҳри Ӯзбекистон ба панҷ шаҳри Федератсияи Русия парвоз мекунад.