Ба гуфтаи Садорати тандурустии маҳаллӣ, 150 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Қаблан намояндаи губернатори вилояти Балх Ҳоҷӣ Зайд хабар дода буд, ки чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд.
Хадамоти геологии ИМА хабар дод, ки заминларзаи 6,3 дараҷаӣ дар кӯҳҳои Ҳиндукуши Афғонистон рух додааст. Тибқи таҳқиқот, маркази заминларза дар 37 километр шимолу ғарби шаҳри Мазори Шариф, ки тақрибан 523 000 нафар аҳолӣ дорад, ҷойгир буд. Чуқурии маркази зилзила 10 километрро ташкил додааст, хабар медиҳад tass.ru.








