Тавре хабаргузории Report бо истинод ба агентии Reuters хабар медиҳад, дар ин бора Вазорати тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зисти кишвар иттилоъ додааст.

Қайд мешавад, ки ҳамаи соҳилҳо ва минтақаҳои наздисоҳилӣ дар Умм-эл-Қайвайн то анҷоми арзёбии вазъ аз ҷониби мутахассисон ва муайян намудани чораҳои зарурӣ барои таъмини амният ва ҳифзи муҳити баҳрӣ баста шудаанд.

Дар ин хабар мушаххас нашудааст, ки рехтани нафт дар кадом ҳолат рух додааст ва миқдори дақиқи нафти рехташуда чӣ қадар аст.

Маркази ҳамоҳангсозии ҳамлу нақли тиҷоратии баҳрии Нерӯҳои ҳарбии баҳрии Британияи Кабир (UKMTO), ки маълумот дар бораи ҳодисаҳои марбут ба киштиҳоро нашр мекунад, дар давоми 24 соати охир дар бораи ягон ҳодиса дар наздикии соҳилҳои АМА хабар надодааст.