Дар Чин робот бо тай кардани 106 километр рекорди ҷаҳонии Гиннесро нав кард

    Роботи гуманоид, ки дар Чин истеҳсол шудааст, 106 километр масофаи байни шаҳрҳои қисмати шарқии кишварро бидуни таваққуф тай карда, рекорди Гиннесро гузошт.

    Дар ин бора China Daily Asia хабар дод ва тасдиқи он дар веб-сайти Китоби рекордҳои Гиннес низ эълон карда шуд.

    Роботи A2, ки аз ҷониби ширкати “Agibot”-и Шанхай истеҳсол шудааст, шаби 10 ноябр аз Сучжоу ба роҳ баромада, субҳи 13 ноябр ба соҳили Вайтани Шанхай расидааст. Системаи зудтағйирёбандаи батарея ба робот имкон дод, ки сафари худро то расидан ба хатти марра идома диҳад ва масофаи 106 километру 286 метрро тай кунад.

    Ба гуфтаи намояндагони ширкати истеҳсолкунанда, таҷҳизоти зарурӣ ба робот имкон дод, ки дар шароити душвор бомуваффақият ҳаракат кунад, аз чароғҳои роҳ, кӯчаҳои танг ва роҳравҳои серодам гузарад ва дарки устувори муҳити зистро ҳам шабу рӯз дошта бошад. Робот дар роҳҳои мумфарш, сангӣ ва пулҳо ҳаракат карда, ба қоидаҳои ҳаракати роҳ риоя намуд.

    Пас аз расидан ба Шанхай, қаҳрамони механики рекордгузор сафари худро ба рӯзноманигорон ҳамчун "таҷрибаи фаромӯшнашаванда дар ҳаёти мошин" тавсиф кард ва шӯхӣ намуд, ки "шояд ба он пойафзоли нав лозим шавад", хабар медиҳад rbc.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates