Ба ҷои Instagram «Россграм»: дар Русия шабакаи нави иҷтимоӣ роҳнадозӣ мегардад

    Дар Русия шабакаи нави иҷтимоии «Россграм» ("Инстаграми русӣ") ба кор андохта мешавад, ки барои аналоги Instagram-и дар Федератсияи Русия масдудшуда тарҳрезӣ шудааст. Офарандагони шабакаи нави иҷтимоӣ соҳибкорон Кирилл Филимонов ва Александр Зобов гардиданд.

    “Аналоги русии Instagram бо функсияҳои муқаррарӣ ва замимаҳои мобилӣ барои Android ва iOS 28 марти соли 2022 ба кор андохта мешавад. Барои корбарони оддӣ, дастрасӣ дар моҳи апрели соли 2022 кушода хоҳад шуд” – хабар дода мешавад дар вебсайти «Россграма».

    Аввалан, дастрасӣ ба блогнависон ва шарикони беҳтарин таъмин карда мешавад. Шабакаи нави иҷтимоӣ дорои инструментҳои иловагии монетизатсия мешавад, менависад Ixbt.com.

    Ёдовар мешавем, ки рӯзи душанбе Русия бастани шабакаи иҷтимоии Instagram-ро оғоз кард, аммо корбарони зиёде тасмим гирифтанд, ки бо истифода аз хидматҳои VPN истифода баранд. Пас аз бастани Instagram дар Русия, дар «Авито» пешниҳоди танзими VPN пайдо шуд.

    Тақрибан 20 хидматҳои маъмули VPN, аз ҷумла Hola! VPN, ExpressVPN, KeepSolid VPN Unlimited, Nord VPN, Speedify VPN ва IPVanish VPN дар Русия баста шудаанд, ҳамзамон Роскомнадзор ният дорад ин корро идома диҳад.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates