Президенти Русия халқи Ӯзбекистонро бо ҷашни Наврӯз табрик кард

    Ҳукумат 21 Mart 2022 4854

    21 март Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Дар оғози суҳбат Президенти Русия сарвари давлатамон ва мардуми сермиллати Ӯзбекистонро бо иди баҳору навшавӣ – Наврӯз самимона табрик гуфта, рӯзгори обод ва шукуфоӣ таманно намуд.

    Роҳбарони Ӯзбекистон ва Русия ҳамчунин ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар якдигарро табрик карданд.

    Бо қаноатмандии алоҳида таъкид гардид, ки дар тӯли солҳои охир ҳамкории Ӯзбекистону Русия ба дараҷаи бесобиқа баланди шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ баромад.

    Механизмҳои самарабахши ҳамкории амалӣ фаъолият доранд ва дар самтҳои муҳимтарини он муколамаи зич ба роҳ монда шудааст. Муомилоти мол мунтазам меафзояд. Бинобар ҷамъбасти соли гузашта нишондиҳандаи гардиши молҳои мутақобила ба 7,5 миллиард доллар расида, аз аввали соли ҷорӣ он 50 дарсад афзоиш ёфт.

    Лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ амалӣ карда мешаванд. Ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисодиёти кишвари мо ҳудуди 10 миллиард долларро ташкил медиҳад. Зиёда аз 2 ҳазор корхонаи муштарак фаъолият дорад.

    Дар кори Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки ҳафтаи равон дар пойтахти мамлакатамон баргузор мешавад, иштироки ҳайати намояндагони Русия дар назар аст.

    Мубодилаи фаъоли фарҳангию башардӯстона идома дорад.

    Зимни суҳбат дурнамои рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрнақшаи дуҷониба дар соҳаҳои калидӣ, аз қабили тиҷорат, сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, аз ҷумла бо ҷалби корхонаҳои пешрафтаи минтақаҳои Ӯзбекистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аҳамияти идомаи робитаҳои пуршиддат ва кори ҳамоҳангшудаи вазорату идораҳои ду мамлакат, ки ба татбиқи пурраи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда нигаронда шудааст, қайд карда шуд.

    Доир ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи умумии вазъияти атрофи Украина табодули афкор сурат гирифт.

    Суҳбати телефонии президентҳои Ӯзбекистон ва Русия дар фазои анъанавии дӯстона ва эътимод сурат гирифт.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates