Дар ин бора ИА «Дунё» хабар медиҳад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, қаблан Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов изҳор дошта буд, ки Ашқобод ният дорад ба истифодаи ҳарчи самараноки иқтидори ИДМ мусоидат намояд. Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар раёсати ИДМ ҳамчун нишонаи эҳтиром ва эътимоди давлатҳои иштирокчӣ, ҳамчунин эътирофи саҳми Туркманистон дар рушди Иттиҳод арзёбӣ мешавад.
Сарвари давлат ҳамчунин таъкид кард, ки Туркманистон нақша дорад консепсияи раёсати худро дар ИДМ таҳия намояд, ки дар он авлавиятҳо ва равишҳои рушди минбаъдаи ҳамкории байнидавлатӣ бо дарназардошти ниёзҳои актуалӣ инъикос хоҳанд ёфт.
Туркманистон узви вобастаи) ИДМ мебошад. Дафаи гузашта ин кишвар дар соли 2019 раёсати мақомоти Иттиҳодро бар уҳда дошт.