Саида Мирзиёева дар консерти Андреа Бочелли, ки дар Самарқанд баргузор шуд, иштирок кард

    Фарҳанг 3 Sentabr 2025 1553

    Дар шаҳри Самарқанд консерти овозхони машҳури итолиёӣ Андреа Бочелли баргузор гардид. Роҳбари маъмурияти Президент Саида Мирзиёева дар ин консерт ширкат намуд.

    Саида Мирзиёева ба консерти тенор Андреа Бочелли баҳои баланд дод.

    «Самарқанд рӯз то рӯз ба маркази мубодилаи фарҳангии байналмилалӣ табдил меёбад. Ин шаҳри қадимӣ, ки дорои мероси ғании таърихист, имрӯз худро чун майдоне, ки фарҳанг ва анъанаҳои халқҳои гуногунро ба ҳам меорад, намоён мекунад. Бешубҳа, бо ин барои мамлакат ва тамоми минтақа роҳро ба сӯи имкониятҳои нав ва умедбахш мекушояд.

    1 сентябр дар майдони Регистон баргузор гардидани консерти овозхони шинохта, тенор Андреа Бочелли далели равшани ин гуфтаҳост. Овози нотакрори ҳунарманд дар ҳамоҳангӣ бо Оркестри миллии симфонии Ӯзбекистон дар майдон танин андохт.

    Таҳти сарпарастии UNESCO доир гардидани чорабинӣ, дар фарҳанги ҷаҳонӣ чӣ гуна ҷойгоҳи хос тошдани ӯро нишон медиҳад», — навиштааст Саида Мирзиёева.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates