Саида Мирзиёева дар канали телеграмии худ хабар дод, ки аз Самарқанд то вокзали Ургут тавассути хатти нави роҳи оҳан сафар кардааст. Инчунин ӯ навишт, ки ин хатти роҳи оҳан барои ташаккули минтақаи озоди иқтисодӣ дар Ургут, инчунин барои коҳиши масофа ва хароҷоти соҳибкорон ва мусофирон инфрасохтори муҳим хоҳад буд.
«Бо лоиҳаи таъсиси марказҳои савдо, логистика ва тиббӣ дар марзи Ӯзбекистон–Тоҷикистон шинос шудам. Ҳадафи асосӣ — аз нуқтаи транзитӣ ба маркази фаъоли иқтисодӣ табдил додани минтақа мебошад.
Маркази нави логистикӣ дар як рӯз то 100 мошини боркашро қабул ва хизматрасонӣ хоҳад кард. Дар ин ҷо логистика на танҳо ҳамчун интиқол, балки ҳамчун марҳилаи афзоиши арзиши маҳсулот баррасӣ мешавад. Дар равандҳои гумрукӣ бюрократия коҳиш ёфта, суръат ва шаффофият меафзояд.
Дар маркази ташхисӣ барои 200 бемор ва дар маркази савдо барои 800 соҳибкор шароит фароҳам оварда мешавад. Тавассути ин шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, ки бидуни назорати шиноснома, ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ ва навбатҳо савдо кунанд ва аз хизматрасониҳои тиббӣ истифода баранд. Шароити мусоид барои мардум беҳтар шуда, робитаҳои иқтисодӣ боз ҳам мустаҳкам мегарданд», — навиштааст роҳбари Администратсияи Президент.