25 июн ёвари Президент Саида Мирзиёева бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бейбут Атамқулов мулоқот анҷом дод.
«Дар ҷараёни мулоқот мо имконоти таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва таърихии ду кишварро баррасӣ кардем. Мо ба мувофиқа расидем, ки оид ба боз ҳам тақвият бахшидани саъю кӯшишҳои мо ҷиҳати ба ҳам наздик кардани халқҳоямон чораҳо андешем», — навиштааст С.Мирзиёева дар телеграм-канали худ.