Самарқанд ба мулоқоти вазирони маорифи мамлакатҳои Созмони кишварҳои туркӣ омодагӣ мебинад

    Таълим 13 Iyun 2023 1859

    13-14 июн дар Самарқанд ҷаласаи 9-уми гурӯҳҳои кории вазоратҳои маорифи Созмони давлатҳои туркӣ ва 7-умин ҷаласаи вазирони маорифи кишварҳои узви СДТ баргузор мешавад.

    Ташкилкунандагони ин чорабинӣ Вазорати маорифи томактабӣ ва мактабии кишварамон гардиданд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар он ширкати вазоратҳои соҳавии Ўзбекистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, котиби генералии Созмони давлатҳои туркӣ ва мушовири президенти Академияи байналмилалии туркӣ ба нақша гирифта шудааст.

    Иштирокчиёни ҷаласа ҳамкориҳои байни кишварҳоро дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ мекунанд.

    Қобили зикр аст, ки СДТ барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм иқтидори аъло дорад. Имрўз ҳамгироӣ дар ин самт яке аз самтҳои муҳим ба шумор меравад. Иқтисодиёти инноватсионӣ ва рушди кишварҳо дар маҷмӯъ маҳз ба илму маориф такя мекунад.

    Барои Созмони давлатҳои туркӣ ин масъала шавқу рағбати зиёд дорад. Дар ҳуҷҷати оинномавӣ — Созишномаи Нахичеван вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника, маориф ҳамчун мақсаду вазифаҳои асосии СДТ нишон дода шудааст.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates