Самарқанд мизбони ҷамъомади 21-уми роҳбарони мақомоти амнияӣ ва разведкавии кишварҳои ИДМ

    Бехатарӣ 17 Oktabr 2025 2996

    17 октябри соли 2025 дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи 21-уми роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти разведкавии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз ёфт.

    Дар ин чорабиние, ки бори аввал дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти разведкавии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

    Вохӯрӣ таҳти роҳбарии Раиси Хадамоти давлатии амнияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, генерал-полковник Б. Курбонов баргузор мешавад.

    Дар форуми дарпешистода оид ба хатару таҳдидҳои муосир табодули афкор сурат гирифта, барои таҳкими ҳамкории шарикона байни хадамоти разведкавии кишварҳои ИДМ қадамҳои минбаъда баррасӣ хоҳанд шуд.

    Ҷои баргузорӣ ва рӯзномаи ҷаласа дар ҷаласаи 20-ум (юбилейӣ), ки 26 ноябри соли 2024 дар шаҳри Москва доир гардида буд, муайян карда шуда буд.

    Дар поёни вохӯрӣ роҳбарони ҳайатҳо вазифаҳо ва афзалиятҳои мушаххаси ҳамкориро дар доираи таъмини амнияти минтақавӣ муайян хоҳанд кард.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates