Дар асоси қарори сарвари давлат аз 17 феврали соли 2023 «Дар бораи чораҳои ислоҳоти низоми нақлиёти ҷамъиятӣ», дар минтақаҳо хизматрасониҳои нақлиётӣ беҳтар гардида, хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ васеъ карда мешаванд.

Дар ин раванд ба навсозии паркҳои автобусӣ мутобиқи талаботи муосир ва ташкили ҳаракати нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Маҳз бо ҳамин мақсад, дар марҳилаи аввал ба шаҳри Самарқанд 100 адад электробуси муосир ба маблағи 49 миллион доллар оварда шуд. Ин электробусҳои тамғаи «Yutong» 30 ҷойи нишаст дошта, иқтидори умумии ғунҷоиши онҳо 75 мусофирро ташкил медиҳад.

Барои автобусҳои нав дар масоҳати тақрибан 4 гектар таваққуфгоҳ бунёд шудааст. Дар истгоҳи қувватдиҳиии электробусҳои ин ҷо имкони хизматрасонӣ ба 50 адад нақлиёти ҷамъиятӣ дар як вақт фароҳам оварда шудааст.

Дар истгоҳи пӯшида, ки барои электробусҳо сохта шудааст, баҳри хидматрасонии техникӣ техникаи таъмири мобилӣ низ мавҷуд аст. Электробусҳо дар 9 хатсайри шаҳр аз рӯи шартномаи «брутто» ҳаракат карда, рӯзе тақрибан ба 70 ҳазор мусофир хидмат мерасонанд.

Дар марҳилаи дуюми лоиҳа хариди боз 250 электробус пешбинӣ шудааст. Барои ин ҷалби 120 миллион доллар аз Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар назар аст.

Дар натиҷа сарфи сӯзишворӣ 32 ҳазор литр ва ҳаҷми газҳои зараровар 27 тонна кам хоҳад шуд.

Ҳоло дар таваққуфгоҳ 265 нафар фаъолият доранд. Бо ворид шудани электробусҳои нав зиёда аз 500 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Президент автобусҳои навро аз назар гузаронд.

– Барои баланд бардоштани устувории иқтисодии ин соҳа бояд ҷиҳати хизматрасонӣ ба электробусҳо ва таъмири онҳо омода кардани мутахассисон таҷрибаи Самарқандро роҳандозӣ гамоем, – гуфт роҳбари давлат.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин оид ба корҳое, ки бобати рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Самарқанд амалӣ мегарданд, аз ҷумла рақамисозии идоракунии ҳаракати автобусҳо тақдимот баргузор гардид.

Президент дар ҷараёни ташриф ҳамчунин аз гузаргоҳи зеризаминие, ки дар чорроҳаи кӯчаҳои Гагарин ва Рӯдакӣ бунёд шудааст, боздид кард.

Ин нақб, ки 600 метр дарозӣ дорад, бо маблағи 12 миллион доллар сохта шудааст ва метавонад дар як рӯз ба ҳисоби миёна то 50 ҳазор воситаи нақлиётро гузаронад.

Дар канори роҳҳо низоми равшанидиҳии шабона, ки ба таври электронӣ идора мешаванд ва гузаргоҳи зеризаминии пиёдагардон ташкил карда шудааст.

Нақб дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сохтмонии Чин ва Туркия бунёд гардидааст. Деворҳои он бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмонӣ тавассути усули пармакунӣ бо деворҳои такягоҳӣ сохта шудаанд.

Сохтмони иншоот бидуни қатъ намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт анҷом дода шудааст. Дар ҳудуд корҳои кабудизоркунӣ анҷом ёфта, ниҳолҳои ороишӣ шинонда шудаанд.