«Ба сарони давлат, ҳукумат ва парлумонҳои хориҷӣ, роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ, арбобони маъруфи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, дастаҳои меҳнатии мамлакат, маҳаллаҳо, пиронсолон, фаъолони ташкилотҳои занон ва ҷавонон, соҳибкорон, ба ҳамаи ҳамватанони мо дар дохили кишвар ва берун аз он, ки ба муносибати зодрӯзам аз самими қалб муборакбодӣ гуфта, орзуҳои нек ва табрикоти худро иброз намуданд, миннатдории амиқи худро баён мекунам.
Табрикот ва таманниётеро, ки ба номи ман ирсол шудаанд, пеш аз ҳама ҳамчун эҳтиром ва эътибори баланд ба халқу давлати бисёрмиллати Ӯзбекистон, инчунин ҳамчун ифодаи боварӣ ва дастгирӣ ба ислоҳотҳои васеи мо, ки дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ мегарданд ва ояндаи дурахшон, қабул менамоям.
Хушбахтам, ки боз як бор муҳаббат ва эҳтироми фарзандонаи худро ба халқи шуҷоъ ва бузурги кишварам, ки ҳамеша ташаббус ва барномаҳои моро дастгирӣ мекунад, иброз менамоям.
Боварӣ дорам, ки бо меҳнати созанда ва иродаю ғайрати халқи азизамон, албатта, ба ҳадафҳои бузурге, ки дар роҳи бунёди Ӯзбекистони Нав ва расидан ба мақоми кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон гузоштаем, мерасем.
Бо эҳтироми амиқ ва орзуҳои некӯтарин,
Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.









