Куҳансолтарин марди ҷаҳон 113-сола шуд

    Куҳансолтарин марди ҷаҳон, Ҷоао Мариню Нетои бразилӣ 113-солагии худро ҷашн гирифт.

    "Пиронсолтарин марди ҷаҳон Ҷоао Мариню Неторо ба муносибати 113-умин солгарди зодрӯзаш табрик менамоям. Имрӯз ин марди бразилӣ ин воқеаи муҳимро бо як зиёфати бузург, ки хонаводааш барои ӯ ташкил намудаанд, таҷлил мекунад," гуфта мешавад дар веб-сайти Китоби рекордҳои Гиннес.

    Тибқи маълумоти Китоби рекордҳои Гиннес Нето 5 октябри соли 1912 дар Бразилия таваллуд шудааст. Шаш нафар фарзанди ӯ ҳоло дар қайди ҳаётанд ва ин пирамарди рекордсмен 22 набера, 15 абера ва 3 чабера дорад, хабар медиҳад tass.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates