Лоиҳаҳо ва нақшаҳо дар соҳаҳои саноат аз нуқтаи назари танқидӣ баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 25 Dekabr 2023 3970

    Президент Шавкат Мирзиёев 25 декабр оид ба масъалаҳои рушди саноати электротехникӣ, кимиё ва дорусозӣ дар минтақаҳо ҷамъомад баргузор намуд. Дар натиҷаи дигаргунсозиҳои сохторӣ ва шароити дар саноат фароҳам овардашуда дар давоми панҷ соли охир истеҳсоли маҳсулот дар ин се соҳа 2,6 баробар афзуда, ҳиссаи онҳо дар саноат ба 7 фоиз расид. Инчунин 231 намуди маҳсулоти нав азхуд карда шуда, содирот 1,6 миллиард долларро ташкил дод.

    Танҳо дар соли ҷорӣ 39 корхонаи барқӣ ба маблағи 163 миллион доллар, дар саноати кимиё 17 корхона ба маблағи 70 миллион доллар ва дар саноати дорусозӣ 57 корхона ба маблағи 87 миллион доллар ба кор андохта шуданд.

    Бо вуҷуди ин дар ин соҳаҳо имкониятҳои истифоданашуда ҳануз бисёранд. Пур кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ дар электротехника ба 50 фоиз, дар саноати химия ба 40 фоиз, дорусозӣ ба 18 фоиз намерасад.

    Минтақаю имкониятҳо барои кооператсияи саноатӣ, ки дар минтақаҳо созмон дода шудаанд, ба қадри кифоя истифода бурда намешаванд. Таҷҳизоти саноатии арзишаш 85 миллион доллар, ки барои 116 корхона ворид шудааст, мавриди истифода қарор нагирифтааст. 727 корхона бо иқтидори пуррааш кор намекунад.

    Дар ҷамъомад камбудиҳои ҷойдошта аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда, вазифаҳои таъхирнопазир муайян карда шуданд.

    – Ҳокимиятҳоро зарур аст, ки бо соҳаҳои саноат дар алоқаи зич кор кунанд, иқтисодиёти минтақаҳоро диверсификатсия кунанд, шумораи лоиҳаҳоро афзун гардонанд. Танҳо дар он сурат иқтисодиёт ривоҷ меёбад, ҷойҳои корӣ пайдо мешаванд ва даромади буҷет таъмин мешавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар назар аст, ки соли оянда дар се соҳаи мавриди баррасӣ татбиқи 24 лоиҳаи бузург ба маблағи 12 миллиарду 700 миллион доллар оғоз шавад.

    Васеъ намудани иқтидорҳои истеҳсоли поливинилхлорид дар заводи «Навоиазот» ва содаи калсӣ дар Қунғирот, тавлиди олефин аз метанол дар Қароқӯл, истеҳсоли тунукаҳои металлӣ барои техникаи маишӣ ва автомобилҳо дар Самарқанд аз ҷумлаи онҳост.

    Сарвари давлатамон муҳим будани ҷалби корхонаҳои маҳаллиро ба таъмини масолеҳи сохтмонӣ ва таҷҳизоти барои татбиқи лоиҳаҳо зарур таъкид кард.

    Инчунин, дар соҳа ва минтақаҳо дар якҷоягӣ 190 лоиҳаи миёна ва хурд ба маблағи 2,1 миллиард доллар дар соҳаи электротехника, 139 лоиҳа ба маблағи 3,8 миллиард доллар дар соҳаи кимиё ва 110 лоиҳаи миёна ва хурд ба маблағи 1,5 миллиард доллар дар соҳаи дорусозӣ истеҳсол карда шуданд. Дар ҷамъомад Президент бо иқтидори истеҳсолӣ, номгӯи маҳсулот ва теъдоди ҷойҳои корӣ аз наздик шинос шуда, доир ба суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳо ва баланд бардоштани самаранокии онҳо супоришҳо дод.

    Масъулин дар бораи рафти татбиқи лоиҳаҳо, низоми ҳамкории минтақаҳо ва соҳаҳо ҳисобот доданд.