Дар
арафаи вохӯрӣ ҷамъомади ташкилӣ бо иштироки намояндагони ҳар ду даста ва
масъулони бозӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он масъалаҳои марбут ба баргузории
бозӣ ва либоси расмии дастаҳо баррасӣ шуданд.
Тибқи
натиҷаи ҷамъомад, футболбозони тими Ӯзбекистон бо либоси пурраи кабуд
ба майдон мебароянд. Дарвозабони дастаи миллӣ бошад, бо либоси сабз ҳунарнамоӣ
мекунад.
Бозии
дӯстонаи байни тимҳои миллии Ӯзбекистон ва Нидерландия имрӯз соати 23:45
ба вақти Тошканд оғоз мешавад.
Ин
вохӯрӣ марҳилаи муҳими омодагии тими Ӯзбекистон ба мусобиқаҳои байналмилалии
дарпешистода буда, имконият медиҳад, ки даста нерӯи худро дар рақобат бо яке аз
пурқувваттарин мунтахабҳои Аврупо бисанҷад.