Сенатор дар Анҷумани III вакилони парлумони кишварҳои узви Гурӯҳи Авруосиё ширкат варзид

    Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Анҷумани III байналмилалии намояндагони кумитаҳои тахассусии парлумонҳои кишварҳои узви Гурӯҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм баргузор гардид.

    Дар ин ҳамоиш, ки дар чаҳорчӯби ҷаласаи 40-уми умумии Гурӯҳи Авруосиё баргузор шуд, намояндагони порлумонҳо ва ниҳодҳои иктишофии молии Беларус, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Чин ва Ҳиндустон ширкат доштанд.

    Аз ҷумла, дар таркиби ҳайати Ҷумҳурии Ўзбекистон раиси Кумитаи Сенати Олий Маҷлис оид ба масъалаҳои суду ҳуқуқ ва мубориза бо коррупсия Наримон Умаров иштирок кард.

    Дар рафти форум табодули таҷриба оид ба ҷорӣ намудани инноватсияҳо ва технологияҳои нави молиявӣ, ки бо хатарҳои қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм алоқаманд аст, аз ҷумла танзими қонунгузории марбут ба дороиҳои виртуалӣ сурат гирифт.

    Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиёни Форум маърӯзаҳо ва масъалаҳои ҷолибтаринро фаъолона муҳокима намуданд.


    No date selected
    August 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates