Мувофиқи барномаи сафар, дар шаҳри Тошканд музокироти сатҳи олӣ баргузор мешавад, ки дар он дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистон ва Сербия баррасӣ мешавад.
Масоили таҳкими шарикӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ, технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои муҳим дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт.
Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатии муташаккил, ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ ва таълим баррасӣ мешаванд. Дар бораи масъалаҳои муҳими дорои аҳамияти байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат мегирад.
Дар анҷоми музокирот имзои бастаи созишномаҳои дуҷониба пешбинӣ шудааст.
Александр Вучич инчунин ҳамчун меҳмони фахрӣ дар сессияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки ин ҳафта дар шаҳри Самарқанд оғоз мешавад, иштирок хоҳад кард.









