Тибқи маълумоти Узгидромет, рӯзҳои 25 ва 26 март дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ вазиши шамол то 18-23 м/с дар назар аст.

Рӯзи якшанбеи 27 март дар аксари ҷумҳурӣ борон қатъ мешавад, танҳо шабона ва субҳ дар баъзе ҷойҳо дар вилояти Тошканд ва вилоятҳои водии Фарғона борон меборад. Ҳарорати ҳаво ба таври назаррас тағйир намеёбад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо рӯзҳои истироҳат омадани сел ва дар кӯҳистон фаромадани тарма дар назар  аст.