Хидмати амнияти давлатӣ миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира кард

    Бехатарӣ 24 Iyun 2021 477

    Дар ҷараёни чорабинии фаврӣ, ки аз ҷониби кормандони раёсати Хидмати амнияти давлатии вилоятҳои Сирдарё ва Самарқанд якҷоя бо намояндагони раёсати гумруки вилояти Сирдарё гузаронда шуд, дар постгоҳи "Умакай"-и ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё мошини русуми "Кобалт", ки бинобар хатсайри  "Сурхондарё - Самарқанд" ҳаракат мекард,  боздошт шуд.

    Ҳангоми азназаргузаронии мошин, аз сокини ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё, соли таваллудаш 1987, ки ҳамчун мусофир сайр мекард, 3 килограмму 363 грамм "афюн" ошкор ва бо тартиби муқарраршуда мусодира карда шуд.

    Дар ҳолати дигар, кормандони ХБД автомашинаи Нексия-3-ро, ки сокини ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё, соли таваллудаш 1996 идора мекард, дар постгоҳи ХРП "Минерал сувлар" дар ноҳияи Тошканди вилояти Тошканд боздошт карданд.

    Ҳангоми азназаргузаронии дохили мошин 5 кг "афюн" ёфта, ба тариби мурофиа расмӣ гардонда шуд.

    Дар рафти чорабинии оперативӣ, ки дар ноҳияи Уртачирчиқ аз ҷониби кормандони раёсати ХБД оид ба вилоятҳои Қашқадарё ва Тошканд бо иштироки кумитаи давлатии гумрук гузаронида шуд, ҳангоми кӯшиши фурӯши 492 гр. "ҳашиш" сокини шаҳри Бекобод, шаҳрванди соли таваллудаш 1991 ва шарики ӯ, соли таваллудаш 1990, ки қаблан барои ҷинояти марбут ба маводи мухаддир ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, дастгир карда шуданд.

    Бояд гуфт, ки дар ҳар се ҳолат маводи мухаддир аз қаламрави Тоҷикистон ба қаламрави кишвари мо интиқол дода шудааст.

    Дар айни замон нисбати шахсони дар боло зикршуда тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, амалҳои тафтишотӣ идома доранд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates