Хидмати бехатарии давлатӣ дар Тошканд лабораторияи маводи мухаддирро барҳам дод

    Бехатарӣ 2 Dekabr 2021 1115

    Дар натиҷаи амалиёти махсуси кормандони Хидмати амнияти давлатии Ӯзбекистон фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки тавассути интернет ба фурӯши маводи мухаддири синтетикӣ машғул буданд, ҷилавгирӣ карда шуд.

    Онҳо истеҳсоли маводи мухаддири синтетикии "мефедрон"-ро дар лабораторияи пинҳонӣ дар се хонаи иҷора дар шаҳри Тошканд ба роҳ монданд.

    Дар натиҷаи чорабиниҳои махсус аз ин манзилҳо маводи мухаддири синтетикии «мефедрон» - вазнаш 892 грамм, «альфа-ПВП» - 45 грамм, инчунин зиёда аз 360 литр маводи кимиёвии заҳролуд ва прекурсорҳои ба сифати ашёи хом истифодашаванда, таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои муҳофизат дарёфт ва мусодира карда шуд.

    Ҳамчунин, 898 грамм "мефедрон", ки аз ҷониби аъзои гурӯҳ пинҳон карда шуда буд, 15 литру 12 килограмм моддаҳои гуногуни химиявӣ ва 8 литр «бромокетон» мусодира гардид.

    Ба ғайр аз ин, аз онҳо 113 770 доллари ИМА дар шакли криптоасъори биткоин мусодира карда шуд.

    Қобили зикр аст, ки аъзои ин гурӯҳ дар давраи аз соли 1992 то 2000 таваллуд шуда, се нафари онҳо донишҷӯёни муассисаҳои олии бонуфузи шаҳри Тошканд ва хориҷи кишвар мебошанд.

    Дар ҳамин ҳол, имрӯз воридоти ғайриқонунии маводи мухаддири синтетикӣ аз ҷониби нашъаҷаллобон аз хориҷи кишвар низ мушоҳида мешавад.

    Аз ҷумла, сокини шаҳри Тошканди соли таваллудаш 1996, ки қаблан суд шудааст, ҳангоми гирифтани маводи нашъадор – 1 килою 994 грамм «мефедрон» ва 499 грамм «спайс», инчунин 6 капсула равғани ҳашиш, ки дар дохили мотороллерҳои барқӣ пинҳон карда шуда, дар мошини боркаш аз хориҷ ворид карда шудааст, дастгир карда шуд.

    Илова бар ин, сокини шаҳри Тошканди соли таваллудаш 1984 ҳангоми гирифтани 500 грамм маводи нашъадори «героин», 947 грамм «ҳашиш», 500 дона маводи мухаддири синтетикии ЛСД, 60 капсулаи равғани ҳашиш, ки дар дохили самокати электрикие, ки аз хорича дар мошини боркаш оварда шудааст, пинҳон кардаанд, дастгир карда шуд.

    Муқаррар карда шуд, ки ин афрод аъзои фаъоли гурӯҳи ҷиноӣ буда, тавассути интернет дар шаҳри Тошканд ба фурӯши маводи мухаддири синтетикӣ машғул буданд.

    Айни замон аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates