Хидмати бехатарии давлатӣ дар Янгийӯл қалбакикунандагони пулро боздошт кард

    Бехатарӣ 29 Oktabr 2021 505

    Ҳангоми гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Хидмати бехатарии давлатии вилояти Тошканд ва раёсати ҳудудии Департаменти назди Прокуратураи генералӣ дар шаҳри Янгийӯл ба фаъолияти шахсоне, ки бо тайёркунии пулҳои қалбакӣ машғул буданд, хотима гузошта шуд.

    Аз ҷумла, сокини вилояти Қашқадарёи соли таваллудаш 1993 дар маҳалли истиқомати худ дар шаҳри Янгийӯл ҳамроҳ бо модараш ва соҳиби хона ба тайёркунии пули қалбакӣ машғул будааст.

    Ҳангоми гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз онҳо 196 адад пулҳои қалбакии 100 ҳазор сӯмӣ ба маблағи умумии 19 миллиону 600 ҳазор сӯм, инчунин 2 адад компютер, 2 адад принтери ранга, 1 адад воситаи коғазбурӣ ва дигар лавозимоти канселярӣ ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд.

    Ҳамчунин, аз манзили онҳо 1 адад таппончаи пневматикӣ бо тартиби муқарраршуда дарёфт ва мусодира карда шуд.

    Илова бар ин, ду сокини қаблан судшудаи ноҳияи Нурободи вилояти Самарқанд, соли таваллудашон 1971 ва 1984, ки барои харидани асъори қалбакӣ омадаанд, боздошт шуданд.

    Дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Хидмати бехатарии давлатӣ.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates