Президенти Ӯзбекистон муҳимияти густариши ҳамкориҳои амалӣ бо Иттиҳоди Аврупоро таъкид намуд

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 13 май намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Эдуардс Стипрайсро қабул кард.

    Намояндаи махсуси ИА салом ва беҳтарин орзуҳои Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта ва Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйенро расонд.

    Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ дар заминаи татбиқи амалӣ қарорҳои нахустин ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо”, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор гардид, баррасӣ шуданд.

    Ба омодасозӣ зудтар ва пешбурди лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои молиявӣ-техникӣ ба маблағи 12 миллиард евро диққати махсус дода шуд.

    Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор намуда, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистодаро баррасӣ карданд.