Сайт дар ҳолати тест кор мекунад
Лого Лого-пв-уз

    Шавкат Мирзиёев бо шароити муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ шинос шуд

    Ҳукумат 22 Dekabr 2021 1837

    Дар мамлакати мо дар асоси тамоюли “баҳри шаъну шарафи инсон” сиёсати пурзӯри иҷтимоӣ татбиқ мегардад. Аз ҷумла, оид ба  баланд бардоштани сифати таълим ва хидматрасонии тиббӣ чораҳо дида мешаванд.

    Дар мактаби миёнаи махсуси №20-и шаҳри Олмалиқ фанҳои математика, забони модарӣ, забони англисӣ амиқ таълим дода мешаванд. Муассисаи таълимӣ барои 1,5 ҳазор донишандӯз пешбинӣ шудааст. Соли равон бинои мактаб пурра таъмир карда шуда, 46 синфхона, 3 лаборатория ва кабинетҳои фаннӣ ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.

    Сарвари давлат бо шароит шинос шуда, бо мактаббачагон суҳбат орост.

    - Ҳар як дақиқа муҳим аст. Ба қадри вақти худ расед ва барои гирифтани дониши амиқ шитоб намоед. Инак, мо иктидори комбинати Олмалиқро вусъат медиҳем, заводҳои нав месозем. Дар онҳо кӣ кор хоҳад кард? Шумо! Ҷавонони соҳибмаълумот  -- асоси ҳамаи ислоҳоти мо, умеди мо, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Президент инчунин аз поликлиникаи оилавии шаҳри Олмалиқ дидан кард.

    Поликлиника соли 1989 сохта шуда, соли 2017 аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Дар ин ҷо инчунин шуъбаи ёрии таъҷилии шаҳр, беморхонаҳои марказӣ ва бачагона, поликлиникаи марказии бисёрсоҳа ҷойгир шудаанд. Ин омили муҳими расондани хидмати тиббии ҳамаҷониба ва хушсифат мегардад.

    Президент таъкид кард, ки хизматрасонии тиббиро дар самтҳои серталабтарин дар сатҳи байниноҳиявӣ ташкил намуда, ба мардум наздик карда, саломатии шаҳрвандони камбизоатро зери назорати доимӣ гирифта, ба мардум ғамхорӣ зоҳир карда шавад. Вазифа гузошта шуд, ки барномаи сесолаи рушди нигаҳдории тандурустӣ дар вилояти Тошканд тартиб дода шавад.

    Дар ин ҷо дар бораи сохтмони банақшагирифташудаи мавзеи “Янги Ӯзбекистон”-и шаҳри Олмалиқ маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки дар солҳои наздик аҳолии шаҳр аз 130 ҳазор ба 200 ҳазор нафар хоҳад расид.

    Сарвари давлат зарурати аз ҳоло фароҳам овардани шароити муносибро барои сокинони шаҳр, идома додани бунёди манзилу инфрасохтори иҷтимоиро зикр карда, ба шахсони масъул супоришҳои дахлдор дод.

    No date selected
    May 2022
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates