Шавкат Мирзиёев: Барои омӯхтан, таҳқиқ кардани чизи нав ҳеҷ гоҳ дер нест

    Ҳукумат 13 May 2022 4913

    Президент Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти Маркази таълими касбу ҳунар, ки дар шаҳри Фарғона кушода шудааст, шинос шуд.

    Маҷмӯи дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии ҳамкории Куриё (KOICA) таъсис додашуда, бинобар чунин самтҳои серталаб ба мисли электроника, технологияи иттилоотӣ, автомобилсозӣ, дӯзандагӣ, сартарошӣ ва косметология мутахассисон тайёр мекунад.

    Ба марказ тамоми таҷҳизоти замонавӣ аз Куриёи Ҷанубӣ оварда шудааст. Омӯзиш низ тибқи барномаву дастурҳои куриёӣ гузаронда мешавад. Дар он панҷ мураббии Куриёи Ҷанубӣ фаъолият нишон медиҳанд. Дар айни ҳол дар марказ 240 нафар таҳсил мегиранд.

    Сарвари давлат бо раванди таълим аз наздик шинос шуда, бо ҷавонону занон суҳбат кард.

    – Барои омӯхтан, таҳқиқ кардани чизи нав ҳеҷ гоҳ дер нест. Ба ин ҷо омада, касб омӯхтани шумо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки шумо ба фардои худ бефарқ нестед. Шояд каме душвор бошад. Аммо агар шумо дар бораи худ, дар бораи ояндаи фарзандонатон фикр кунед, ҷидду ҷаҳд намоед. Душвориҳо мегузаранд ва шумо дониши бебаҳо хоҳед гирифт, – гуфт Президент.

    Сарвари давлат инчунин бо мураббиёни куриёӣ суҳбат карда, ба онҳо миннатдорӣ баён кард.

    То ин дам чунин марказҳо дар Тошканд, Самарқанд ва Шаҳрисабз кушода шуда буданд. Дар маркази нав дар Фарғона хоҳишмандон аз тамоми вилоятҳои водӣ таҳсил мегиранд. Дар ин ҷо барои онҳое, ки аз дур меоянд, хобгоҳ сохта шуд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates