Шавкат Мирзиёев: Қазоқистон – шарики аз ҳама наздик ва боэътимоди мо

    Ҳукумат 22 Dekabr 2022 4337

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар доираи маҳдуд гуфтушунид анҷом доданд. Дар оғози мулоқот роҳбари Ӯзбекистон ҳамтои қазоқистонии худ ва мардуми сермиллати Қазоқистонро бо Рӯзи истиқлолият, ки 16 декабр дар кишвар таҷлил карда мешавад, самимона табрик гуфт.

    Роҳбарон изҳори итминон карданд, ки мулоқотҳо дар сатҳи олӣ бешубҳа ба рушди муносибатҳои серсоҳаи шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистон такони нави пурқувват мебахшад.

    Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки Қазоқистон шарики аз ҳама наздик ва боэътимоди Ўзбекистон мебошад.

    – Ӯзбекҳо ва қазоқҳо на танҳо ҳамсояи наздик, балки бародароне мебошанд, ки бо мероси умумии таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ пайванданд.

    Ин сарвати бебаҳои мост ва мо онро қадр мекунем ва қадр хоҳем кард. Итминон дорам, ки тақдири умумӣ ва ояндаи муштарак дорем, – таъкид кард Шавкат Мирзиёев.

    Мавзӯъҳои асосии мулоқот масъалаҳои тавсеаи куллии муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, энергетика, нақлиёту логистика, кишоварзӣ, об ва ғайра буданд.

    Қайд карда шуд, ки дар шаш соли охир дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Дар байни ҳукуматҳо, вазорату идораҳо, инчунин минтақаҳои ду кишвар робитаҳо мунтазам барқарор карда мешаванд.

    Сарони давлатҳо ҳаҷми босуръат афзояндаи савдои мутақобиларо, ки ба 5 миллиард доллар наздик шудааст, бо қаноатмандӣ қайд карданд. Лоиҳаҳои бузурги ҳамкорӣ бомуваффақият амалӣ мешаванд.

    Инчунин мубодилаи васеи афкор оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ барпо гардида, масъалаҳои таъмини рушди устувори Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.

    Азми устувор ва минбаъд идома додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба тасдиқ гардид.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates