Шавкат Мирзиёев ба бародарони турк бори дигар ҳамдардӣ изҳор кард

    Ҳукумат 9 Fevral 2023 5832

    Президент Шавкат Мирзиёев 9 феврал ба сафоратхонаи Ҷумҳурии Туркия дар Ўзбекистон ташриф овард.

    Тавре маълум аст, рӯзи 6 феврал дар қисмати ҷанубу шарқии Туркия заминларзаи шадид ба вуқӯъ пайваст, ки оқибатҳои он тамоми ҷаҳонро ба ларза овард. Халқи Ӯзбекистон ба дарду андуҳи бародарони турк шарик аст, ҳамроҳи онҳо мотам дорад.

    Худи ҳамон рӯз сарвари давлатамон ба мардуми Туркия ва Президент Реҷеп Тайип Эрдоған изҳори ҳамдардӣ кард. Барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ аз кишвари мо гурӯҳи наҷотдиҳандагон сафарбар шудааст. Борҳо бо ёрии башардӯстона мунтазам фиристода мешаванд.

    Президенти Ӯзбекистон имрӯз ба сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ӯзбекистон ташриф оварда, бори дигар ба мардуми бародар ҳамдардӣ баён кард. Ӯ аз даргоҳи Худованди мутаъол хост, ки рӯҳи фавтидагонро шод гардонад, ба аҳли оила ва наздикони ҳалокшудагон сабру таҳаммул ва ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтар таманно намуд.

    Халқҳои ӯзбек ва турк ҳамеша ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд, дар шодиву ғам шариканд. Риштаҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ёрии ҳамдигарӣ мустаҳкамии худро дар чунин рӯзҳои ғамангез боз ҳам равшантар нишон медиҳанд.

    Сарвари давлатамон итминон дод, ки Ӯзбекистон омода аст ҳама гуна кумаки заруриро расонад. Вай дар китоби ҳамдардӣ, ки дар сафоратхона кушода шудааст, суханони тасаллият боқӣ гузошт.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates