Ба аъзои дастаи мунтахаби Ӯзбекистон оид ба шоҳмот

    Ҳукумат 9 Avgust 2022 5308

    Шоҳмотбозони азиз! Шумо, дар шахси шумо тамоми мардуми бисёрмиллатамонро бо рӯйдоди хушнудкунанда – баромади муносибатон дар Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон ва ба даст овардани унвони баланди чемпионӣ самимона табрик менамоям ва бароятон эҳтироми амиқ ва таманноҳои беҳтаринро изҳор мекунам.

    Бо пирӯзии дурахшони худ дар ин мусобиқаи бонуфузи шоҳмот, ки дар ду сол як бор баргузор мегардад ва дар он беҳтарин шоҳмотбозони ҷаҳон дар таркиби 188 ҷамоа иштирок намуданд, шумо дар таърихи варзиши ватанӣ саҳифаи нав боз намудед.

    Ҳамаи ҳамватанон бо таваҷҷуҳи зиёд ва эҳтирос аз тариқи телевизион ва интернет ҳар як партияи бозии шуморо дар ин мусобиқот мушоҳида намуданд.

    Шоҳмотбозони ҷавони Ӯзбекистон, ки молики зарфияти баланди интеллектуалӣ ҳастанд, ба боварӣ сазовор гардида, барои халқамон ғалабаи дурахшони худро эҳдо намуданд.

    Бешубҳа, ин ба 31-умин солгарди истиқлолияти мамлакатамон туҳфаи муносиб гардид.

    Тамоми ҷаҳон бори дигар аз истеъдоди шоҳмотбозонамон – Нодирбек Абдусатторов, Нодирбек Ёқуббоев, Ҷавоҳир Синдоров, Ҷаҳонгир Воҳидов, Шамсиддин Воҳидов, ки шарафи мамлакатамонро дар мусобиқа ҳимоя намуданд, дар ҳайрат монд.

    Ва хусусан ғалабаи Ҷаҳонгир Воҳидов дар давраи охир, ки пирӯзии таърихии ҷамоаи мунтахабамонро таъмин намуд, шоистаи таъриф аст.

    Бо ифтихор таъкид бояд кард, ки дар олимпиада аъзои ҷамоаи мунтахабамон бо намояндагони мамлакатҳое, ки бинобар анъана дар ин намуди варзиш пешсафанд, мисли Ҳиндустон, ИМА, Арманистон, Нидерландия, Испания, Британияи Кабир, Олмон ягон давраи талошро бой надоданд.

    Шумо, азизони ман, бо ин бори дигар боз ҳам мактаби шоҳмоти Ӯзбекистонро шарафёб намудед. Фикр мекунам, ки бо ман ҳамаи ҳамватанон мувофиқ ҳастанд: чунин ҷавонони содиқи Ватан ва соҳиби азму ирода, мисли шумо, бузургтарин боигарии мо, «фонди тиллоӣ»-и халқамон ба шумор меравед.

    Мехоҳам аз таҳти дил ба падару модарон ва мураббиёни шумо, ки чунин наврасони оқил ва соҳибистеъдодро тарбия намудаанд, миннатдорӣ изҳор намоям.

    Зарфияти баланди худро намоиш дода, дар мусобиқаи байналхалқӣ шоҳмотбоздухтарони Ӯзбекистон низ муносиб талош намуданд. Мо самимона барои ин аз онҳо миннатдор ҳастем.

    Ба мураббиёни соҳибтаҷрибаи ҷамоаи мунтахабамон Иван Соколов ва Владимир Егин, ки дар тайёр намудани варзишгарони музаффарамон шуҷоат зоҳир намудаанд, миннатдории калон изҳор менамоям.

    Ғалабаи беназири шумо натиҷаи аёнии амалии ғамхорӣ ва эътибори бузург мебошад, ки дар мамлакат ба тарбияи авлоди баркамол, пеш бурдани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, аз он ҷумла шоҳмот, нигаронда мешавад.

    Боварӣ дорам, ки шоҳмотбозони мо инчунин дар Олимпиадаи 46-уми шоҳмоти ҷаҳонӣ, ки соли 2026 дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, низ муносиб иштирок намуда, қуллаҳои баланди варзиширо ишғол мекунанд.

    Бори дигар шуморо бо ғалабаи муносиб табрик менамоям!

    Шавкат Мирзиёев,

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates