Соҳаи хидматрасонӣ ба драйвери рушди Шайхонтоҳур табдил меёбад

    Сиёсат 10 Iyul 2025 3940

    Сарвари давлат аз маҳаллаи Янги Камолони ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд боздид ба амал овард.

    Ислоҳотҳои дар кишвари мо амалишуда ба ҳар як маҳалла роҳ меёбанд. Дар ин ҷо низ дида мешавад, ки ба масъалаи шуғл ва баланд бардоштани сифати зиндагӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. Биноҳои баландошёна, дӯконҳо ва бинои ҷамоати шаҳрвандон симои муосир гирифтаанд. Роҳҳои дохилӣ ҳамвор гардида, маҳал сабзазор шудааст. Гузаргоҳи сайругашт, минтақаи фароғат барои насли калонсол, майдончаҳои варзишӣ ва кӯдакона ташкил ёфтаанд.

    Дар маҳаллаи Янги Камолон зиёда аз 4,6 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Дар беш аз 60 нуқтаи савдо ва хидматрасонӣ ҷавонони маҳаллӣ фаъолият доранд. Имсол дар ин ҷо устохонаҳои ҳунармандӣ, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва қаннодӣ, нонпазхона ва нуқтаи хусусии тиббӣ ифтитоҳ ёфтанд. Дар натиҷа, маҳалла ба минтақаи бе бекорӣ табдил ёфтааст.

    Дар ин ҷо дар бораи фаъолияти “ситоди ислоҳот”-и ноҳияи Шайхонтоҳур маълумот пешниҳод гардид.

    — Дар Шайхонтоҳур ҳунармандӣ аз замонҳои қадим вуҷуд дошт. Имрӯз низ ин манбаи муҳими шуғл ва даромад барои мардум аст. Аз ин рӯ, дар мисоли Шайхонтоҳур мо барномаи нави рушди соҳаи хидматрасониро қабул мекунем, — таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.

    Бо мақсади таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва пешгирии қонуншиканӣ дар назди утоқи нозири маҳалла маркази вазъиятӣ таъсис дода шуд. Камераҳои назоратие, ки дар даромадгоҳи биноҳои баландошёна насб шудаанд, ба ин ҷо пайваст гардидаанд ва ба системаҳои амниятии мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоҳанг карда шудаанд. Дар давоми соли ҷорӣ дар маҳалла ягон ҷиноят сабт нашудааст.

    Ширкати хидматрасонии “Янги Камолон” ба 21 бинои бисёрошёнаи маҳалла хизмат мерасонад. Мутахассисон ва техникаи зарурӣ дар ҳолати омодагии доимӣ қарор доранд. Системаи биллинг ҷорӣ шудааст. Имсол хатҳои марказии гармидиҳӣ изолятсия карда шуда, шабакаҳои барқ ва даромадгоҳҳои хонаҳо таъмир шуданд. Дар баъзе хонаҳо лифтҳои нав насб гардиданд.

    Сарвари давлат таъкид намуд, ки дар оянда лозим аст, ки биноҳои ширкатҳои хидматрасонӣ бисёрошёна сохта шуда, дар онҳо курсҳои омӯзиши касбӣ барои ҷавонон ва нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ ҷойгир карда шаванд. Дар маҳалла китобхонаи хурд ташкил шудааст. Зарурияти ташкил кардани чунин китобхонаҳо дар дигар маҳаллаҳо низ таъкид гардид.

    Дар айвони маҳалла бо сокинон сӯҳбати гарму самимӣ баргузор шуд.

    — Солҳои охир дар кишвар корхонаҳои нави зиёд ташкил шуданд, иқтисодиёт рушд мекунад. Ҳамзамон, насли наврас ба камол мерасад. Мо бояд аллакай имрӯз дар бораи таҳсил, тандурустӣ ва ҷойи кори онҳо фикр кунем. Аз ин рӯ, имсол ба Тошканд 8 миллиард доллар сармоя ҷалб мекунем. Бо шарофати ин маблағҳо дар Шайхонтоҳур ҷойҳои нави корӣ, муассисаҳои таълимӣ ва иншооти инфрасохторӣ бунёд хоҳанд шуд, — изҳор дошт Президент.

    Сокинони калонсоле, ки дар маҳалла зиндагӣ мекунанд, бо қаноатмандӣ тағйиротҳои дар кишвар ҷараёндоштаро қайд намуда, дуо карданд ва ба мардуми мо сулҳу осоиштагӣ ва баракат орзу намуданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates