Тибқи иттилои хидмати Узгидромет, 29 ноябр массаи ҳавои намнок аз манотиқи шимолу ғарб ба тамоми қаламрави Ӯзбекистон паҳн мешавад. Дар саросари ҷумҳурӣ борон меборад, шамол шиддат мегирад. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилояти Хоразм ва вилоятҳои водии Фарғона бориш намешавад.
30 ноябр танҳо дар вилоятҳои водии Фарғона борон меборад, дар дигар минтақаҳо боришот пешбинӣ нашудааст.
1 декабрь дар тамоми ҷумҳурӣ ҳаво хушк мешавад.
Ҳарорати ҳаво аз 29 ноябр паст шуда, дар нимаи дуюми ҳафтаи корӣ шабона 2-7 дараҷа, рӯзона 10-15 дараҷа, дар шимоли ҷумҳурӣ шабона 0-5 дараҷа, рузона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар пойтахт: имрӯз ва фардо ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат рӯзона 21-24 дараҷа гарм мешавад.
29 ноябр — баъзан борон меборад. Ҳарорат 15-17 дараҷа гарм мешавад.
30 ноябр ва 1 декабр — борон намеборад. Ҳарорат шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.









