Дар Рӯзи истиқлолият ӯзбекистониён чанд рӯз дам хоҳанд гирифт?

    Воқеаҳо 17 Avgust 2021 8251

    Сокинони Ӯзбекистон дар Рӯзи истиқлолият панҷ рӯзи пайваста истироҳат хоҳанд кард. Ин дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Дар бораир муқаррар намудани рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ дар давраи таҷлили санаҳои расмӣ ва кӯчондани рӯзҳои истироҳат дар соли 2021" пешбинӣ шудааст.

    Мувофиқи Фармон, кормандони ҳамаи идораю корхонаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шумораи рӯзҳои корӣ дар як ҳафта аз 1 сентябр то 5 сентябри соли 2021 истироҳат мекунанд.

    Ҳамин тариқ, рӯзҳои аввали тирамоҳ ҳамчун рӯзҳои иловагии истироҳат эълон карда шуданд:

    • 1 сентябр (чоршанбе) - "Рӯзи истиқлолият", рӯзи истироҳат;
    • 2 сентябр (панҷшанбе) - рӯзи иловагии истироҳат;
    • 3 сентябр (ҷумъа) - рӯзи иловагии истироҳат;
    • 4 сентябр (шанбе) - рӯзи истироҳат (барои ҳама, новобаста аз намуди ҳафтаи корӣ);
    • 5 сентябр (якшанбе) рӯзи истироҳат, хабар медиҳад "Uzreport".
    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates