Суръати интернет дар биноҳои бисёрошёна то 1 Гбит/с расонида мешавад

    Рақамисозӣ 21 Noyabr 2021 875

    Мувофиқи қарор, нишондиҳандаҳои мақсадноки рушди инфрасохтори телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2022-2024 ва нақша-ҷадвали бо алоқаи мобилӣ таъмин кардани роҳҳои автомобилгарди таъиноти байналхалқӣ ва давлатӣ тасдиқ шуданд.

    Мутаносибан, то соли 2023 аз ҷумла:

    • иқтидори канали байналхалқии додани маълумот 3,5 баробар зиёд карда мешавад;
    • сети интиқоли маълумот аз ҳисоби бунёди 150 ҳазор километр хатҳои нахи-оптикии алоқа васеъ карда мешавад;
    • хатти алоқаи нахӣ-оптикӣ ба тамоми маҳаллаҳо гузаронида шуда, на камтар аз 80 фоизи хонаводаҳо бо дастрасии фарохмаҷрои сими интернетӣ таъмин карда мешаванд.

    То охири соли 2021 тамоми пунктҳои такягоҳии мақомоти корҳои дохилӣ, ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо, муассисаҳои иҷрои ҷазо, ҳуҷраҳои нозирони профилактикии мақомоти корҳои дохилӣ, муассисаҳои таълими халқ, бойгониҳои давлатӣ ва ташкилотҳо бо дастрасии фарохмаҷро ба интернет таъмин карда мешавад.

    Мутобиқи қарор:

    • тавассути пунктҳои мавҷудаи убури сарҳад бинобар самтҳои “Ўзбекистон – Афғонистон – Покистон”, “Ўзбекистон – Қирғизистон – Хитой” ва “Ўзбекистон – Туркманистон – Озарбайҷон – Туркия” каналҳои байналхалқии магистралӣ ташкил карда мешаванд;
    • дар Ҷумҳурии Мардумии Чин барои ба вучуд овардани нуқтаҳои нави дастрасӣ ва мубодилаи мутақобилаи трафики интернет тадбирҳо андешида мешаванд.

    Аз 1 январи соли 2022 ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони шабакаҳои дастрасии фарохмаҷрои интернетӣ инҳо пешбинӣ карда мешаванд:

    • дар биноҳои маъмурӣ ва биноҳои истиқоматӣ - паҳнои интиқол бояд на камтар аз 1 Гбит / с бошад;
    • дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои давлатӣ - фарохмаҷро бояд на камтар аз 100 Мбит/с бошад.
    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates