ВАО: Эрон ба ҷанг бо ИМА омодагиро сар кард

    Эрон дар ҳоле ки ба ҷанг бо ИМА омодагӣ мегирад, ҳарими ҳавоии худро бастааст.

    Дар ин бора хабаргузории “Меҳр” бо такя ба ҳукумати кишвар хабар додааст.

    Гуфта мешавад, ки Теҳрон ҳарими ҳавоии худро мебандад ва ҳамчунин тамоми артишро ба сатҳи омодагии баландтарин мегузаронад. Ба гуфтаи агентӣ, неруҳои эронӣ ба ҳама гуна вазъият омодаанд.

    Қаблан рӯзномаи Daily Express гузориш дода буд, ки Амрико қасд дорад дар ҳафтаҳои наздик ба объектҳои ҳастаии Эрон зарба занад.

    30 март Президенти ИМА Доналд Трамп таҳдид карда буд, ки агар бо Теҳрон дар мавриди тавлиди силоҳи ҳастаӣ мувофиқате ҳосил нашавад, Эронро " бомбаборони беназир мекунад", хабар дод report.az.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates