Сабабҳои таркиш то ҳол маълум нест. Бино ба таъкиди баъзе манбаъҳо, таркиш метавонад дар пайи ҳамлаи мушакӣ ё зарбаи ҳавоии бесарнишин рух дода бошад.
Таркиш пас аз чанд соати изҳороти Президенти ИМА Доналд Трамп ба ҳукумати Афғонистон дар бораи расонидани хисорот ҳангоми саркашӣ кардани онҳо аз супоридани пойгоҳи низомии ҳавоии Багром иттифоқ афтод.
“Толибон” дар навбати худ ин талабро рад намуда, таъкид карданд, ки «ҳар гуна талош барои эҳёи дахолати низомии хориҷӣ бо муқовимати шадид рӯбарӯ хоҳад шуд».
Мақомоти маҳаллӣ, тибқи гузориши «Chashm News», сабаби таркишро ба таркиши тири аслиҳаҳо рабт доданд, иттилоъ медиҳад report.az.








