ВАО: бар асари ҳамлаҳои ИМА ба Яман дасти кам 22 нафар ҳалок гардиданд

    Бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Яман дасти кам 22 нафар ҳалок гардида, даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

    Дар ин бора шабакаи телевизионии Al Masirah, ки таҳти назорати шӯришгарони Ҳусиҳои ҷунбиши “Ансор Аллоҳ”и Яман аст, хабар дод.

    Мувофиқи он, шаби ҷумъа бандари Рас-Исо, воқеъ дар соҳили баҳри Сурхи вилояти Ал-Ҳудейда, ки дар он терминали нафт воқеъ аст, бомбборон шудааст. Гуфта мешавад, ки 17 коргару хидматчӣ ва ҳамчунин 5 корманди ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бандар сӯхтори бузург ба вуқӯъ пайваст ва талошҳои хомӯш кардани он то ҳол идома дорад, гузориш медиҳад report.az.

    Al Masirah бо иқтибос аз гуфтаҳои волии Ал-Ҳудейда – Абдуллоҳ Отейфӣ навишт, ки "таҷовузи ҷиноии Амрико танҳо ба бандари Рас-Исо нигаронида шудааст, ки як иншооти инфрасохтори ғайринизомӣ аст." Вай таъкид кард, ки ҳаракатҳои Амрико наметавонад мардуми Яманро маҷбур созад, то аз ҳимояти фаластиниҳо дар навори Ғазза даст кашанд.