Муаррифии эксклюзивии лоиҳаи «X-Factor» баргузор гардид

    Фарҳанг 22 Sentabr 2023 1829

    Дар Тошканд презентатсияи эксклюзивии лоиҳаи «X-Factor» баргузор шуд. Дар маросими тақдимот намояндагони Вазорати экология, ходимони маданият ва санъат, артистони эстрадаи Ӯзбекистон, воситаҳои ахбори оммавӣ ва дигарон иштирок карданд. Лоиҳа бори аввал дар Ӯзбекистон аз ҷониби агентии иттилоотии UzReport TV бо дастгирии Кумитаи сайёҳӣ, Вазорати экология, системаи пардохти PayMe ва ширкати трансмиллии Procter & Gamble ташкил карда шуд.

    “Ҳар як кишвар бренди сайёҳии худро дорад. Баъзе кишварҳо сайёҳонро бо варзиши худ ҷалб мекунанд, баъзеи дигар бо ихтирооти худ. Мамлакати мо бо ёдгорихои таърихӣ, табиати нотакрор ва бисёр дигар мавзеъҳои худ хориҷиёнро ба худ ҷалб мекунад. Умедворем, ки лоиҳаи «X-Factor» ҷавонони боистеъдоди зиёдеро кашф намуда, дар рушди сайёҳии хориҷӣ дар соҳаи фарҳангу санъат ва инчунин бренди байналмилалии Ӯзбекистон саҳм мегузорад», - гуфт мушовири сиёсати иттилоотии вазири экология Лола Раҳмонбоева.

    Барои маълумот: “X-Factor” як намоиши машҳури истеъдодҳои вокалӣ мебошад, ки дар ҳудуди 60 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад. Намоиш муддати тӯлонӣ ва устувор дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгир шуда, ба як платформаи кашфи истеъдодҳои нав ва роҳандозии ситораҳои нави байналмилалӣ табдил ёфтааст.

    Кастингҳо барои намоиш дар панҷ шаҳри бузурги Ӯзбекистон - Самарқанд, Намангон, Бухоро, Хоразм ва Тошканд баргузор шуданд. Дар онҳо қариб 6 ҳазор кас иштирок дошт. Пас аз чанд марҳилаи интихобӣ 12 овозхон ба саҳна баромада, муборизаро барои унвони беҳтарин сарояндаи кишвар дар пахши мустақими ин намоишнома идома медиҳанд.

    Ғолиб унвони беҳтарин сарояндаи кишвар, 100 миллион сӯм ҷоиза, инчунин дастгирии иттилоотӣ ва ротатсияи таронаҳоро дар эфир аз шабакаи FTV хоҳад гирифт.

    Бахши аввали ин барнома рӯзи 24 сентябр соати 20:00 аз тариқи FTV пахш мешавад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates