Мулоқот миёни Хонумҳои аввали Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор шуд

    Дар қароргоҳи "Кӯксарой" дар доираи сафари давлатии Президенти Қирғизистон ба Ӯзбекистон мулоқоти Хонумҳои аввали ду кишвар Зироат Мирзиёева ва Айгул Жапарова баргузор шуд.

    Ҳамсарони сарони давлатҳо роҷеъ ба таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои бародари мо ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ табодули афкор намуданд.

    Хонумони аввал инчунин аз муассисаи махсуси томактабии дорои маркази тавонбахшии «Имкон» дар ноҳияи Қибрай дидан карданд. Дар ин ҷо ба кӯдакони ба таҳсилоти махсус эҳтиёҷманд хидматрасонии тавонбахшӣ расонида мешавад.

    Муассисаи аввал дар доираи лоиҳа дар соли 2019 дар шаҳри Нуқус, баъд дар Қаршӣ ва Зарафшон кушода шуда буд, дар оянда ифтитоҳи он дар саросари ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.

    Зироат Мирзиёева ва Ойгул Жапарова ба шароитҳои барои кӯдакон фароҳам овардашуда баҳои баланд дода, ба онҳо дар татбиқи минбаъдаи ин идеяи наҷиб муваффақият таманно намуданд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates