Вохӯрӣ бо аъзои гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии “Муғулистон – Ӯзбекистон”

    29 октябри соли 2024 дар Сенат бо ҳайати раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Муғулистон – Ӯзбекистон» С.Эрдэнэбат мулоқот баргузор гардид.

    Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Ӯзбекистон ва Муғулистонро баррасӣ намуда, ба фаъолгардонии ҳамкориҳо дар доираи гурӯҳи байнипарлумонии «Муғулистон – Ӯзбекистон» таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

    Махсусан зикр гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсӣ ва талошҳои муштараки раҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Муғулистон солҳои охир ба сатҳи нав баромад.

    С. Эрдэнэбат ба сатҳи баланди ташкили интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ таъкид намуда, ба шаффофият, ошкорбаёнӣ ва объективии ҳамаи марҳилаҳои раванди интихобот, мутобиқати онҳо ба меъёрҳои байналмилалии демократӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

    Зимнан зикр гардид, ки интихоботи парлумонӣ дар фазои нави ҷамъиятию сиёсӣ дар асоси Конститутсияи навшуда баргузор гардид.

    Дар фарҷоми мулоқот ҷиҳати тавсеаи равобити парлумонҳои ду кишвар ва фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби гурӯҳи байнипарлумонии «Муғулистон – Ӯзбекистон», инчунин таҳияи нақшаи мушаххаси чорабиниҳо оид ба густариши ҳамкории дуҷониба тавофуқ ҳосил шуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates