Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Ӯзбекистон ва Британияи Кабир оид ба ҳалли осоиштаи бӯҳрони Афғонистон, инчунин расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба кишварро баррасӣ карданд.
Дипломати олӣ нақши Ӯзбекистонро дар истиқрори сулҳи дарозмуддат ва пойдор дар Афғонистон, аз ҷумла кумаки иқтисодӣ ба ин кишвар таъкид кард.
Аз ҷумла, ҷониби Бритониё муҳим ва саривақтӣ будани ташаббуси Ӯзбекистонро оиди таҳти шафоати СММ таъсис додани маркази бисёрфунксионалии нақлиётӣ ва логистикӣ дар шаҳри Термиз барои расонидани кумаки башардӯстона ба Афғонистон қайд кард.
Ҳамчунин дар бораи вазъи кунунии Афғонистон, густариши мавқеи муттаҳидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам дар робита ба мақомоти нави ин кишвар ва ҳам барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрони башардӯстона дар Афғонистон табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.