Таъмини муколамаи доимӣ, самаранок ва кушоди Вазорати корҳои хориҷӣ бо ҷомеа, омӯзиши афкори умум ва татбиқи он дар амал яке аз вазифаҳои муҳим маҳсуб меёбад. Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар ин раванд шарикони боэътимод хоҳанд буд.
Ба ҳайати Шӯро коршиносони соҳибтаҷриба аз соҳаҳои гуногун, арбобони давлатӣ, олимон, роҳбарони ВАО, муассисаҳои ғайридавлатӣ ва марказҳои таҳлилии ҷумҳурӣ шомил шудаанд.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён бо фаъолияти ниҳоди сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ дар давраи сипаришуда ва вазифаҳои асосии он барои соли оянда ошно шуданд.
Таъкид шуд, ки имрӯз Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат сиёсати хориҷии боз, прагматикӣ ва фаъолро пеш мебарад ва нақши худро дар арсаи байналмилалӣ беш аз пеш мустаҳкам мекунад.
Дипломатияи иқтисодӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва технологияҳои пешрафта ба иқтисоди кишвар, инчунин фароҳам овардани шароитҳои беҳтарин барои баромадани корхонаҳои ватанӣ ба бозори байналмилалӣ самтҳои афзалиятноки ВКХ мебошанд.
Ҳамчунин, баҳсҳои пурмазмун баргузор шуда, ташаббусҳо ва пешниҳодоти амалӣ пешниҳод гардиданд. Дар натиҷаи ҷаласа созиш ҳосил шуд, ки Нақшаи чорабиниҳои Шӯрои ҷамъиятӣ назди ВКХ барои соли 2025 таҳия шавад.