Хайати вакилони Ӯзбекистон ба Эрон сафар кард

    11-12 марти соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сардории иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ Бахтиёр Саидов ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.

    Дар рафти сафар хайати вакилони мамлакати моро Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ қабул кард. Мулоқот бо вазири умури хориҷӣ Ҳусейн Абдуллоҳиён, вазири роҳҳо ва шаҳрсозӣ Меҳрдод Базрпош, вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Эрон Ризо Фотемӣ-Амин баргузор шуд.

    Дар мулоқот дурнамои таҳкими ҳамкориҳои Ӯзбекистону Эрон дар бахшҳои сиёсат ва дипломатия, тиҷорат ва сармоягузорӣ, нақлиёт ва логистика баррасӣ шуд. Ҷонибҳо рафти омодагӣ ба чорабиниҳои муштаракро, ки барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудаанд, баррасӣ карданд. Доир ба истифодаи самарабахш аз имконоти нақлиётию коммуникатсионии Ӯзбекистон ва Эрон барои густариши дипломатияи иқтисодӣ табодули афкор сурат гирифт.

    Дар Теҳрон бо иштироки раҳбарони ширкатҳои бузурги эронӣ ҳамоиши тиҷорӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар бахшҳои дорусозӣ, тавлиди таҷҳизоти пизишкӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, саноатии кимиё ва нассоҷӣ, кишоварзӣ баррасӣ шуд.

    Дар ҷараёни сафар ҳайати Ӯзбекистон ҳамчунин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) Хусрав Нозирӣ мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳои минтақавӣ дар фазои СҲИ баррасӣ шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates