Ҳамкории Ӯзбекистон бо Қатар ба сатҳи нав мебарояд

    7 майи соли 2023 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Давлати Қатар Султон бин Саад Ал-Мурайхӣ мулоқот анҷом дод.

    Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди босуръати муносибатҳои Ӯзбекистону Қатар, рафти татбиқи барномахои муштарак, дурнамои вусъат додани муколамаи сиёсӣ, робитаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, табодули маданию гуманитарӣ ва туристӣро баррасӣ карданд

    Доир ба рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи кунунии Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

    Худи ҳамон рӯз маросими ифтитоҳи ботантанаи Сафорати Давлати Қатар дар Тошканд бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои ду кишвар, корпуси дипломатӣ, аҳли ҷомеа ва васоити ахбори омма баргузор гардид.

    Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ қайд кард, ки ҷониби Ӯзбекистон Қатарро шарики муҳим, боэътимод ва ояндадор дар ҷаҳони араб медонад. Ифтитоҳи намояндагии дипломатии Қатар дар Тошканд дар таърихи муносибатҳои дуҷониба саҳифаи нав кушода, ба ғанӣ шудани онҳо бо мазмуни амалӣ мусоидат мекунад, изҳор дошт хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates