Шӯрои Иттиҳоди Аврупо натавонист бастаи 18-уми таҳримҳоро алайҳи Русия қабул кунад

    Дар ҷамъомади вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ки дар Брюссел баргузор гардид, Словакия ветои худро нисбат ба бастаи 18-уми таҳримҳо алайҳи Русия бекор накард. Музокирот бо Братислава ҳанӯз идома дорад.

    Иттиҳоди Аврупо, ки барои ҷанг алайҳи Украина зидди Русия таҳримҳо ҷорӣ мекунад, бастаи 18-уми таҳримҳоро, ки кам кардани нархи нафтро фаро мегирад, қабул карда натавонист. Дар ҷамъомади рӯзи сешанбе, 15-уми июл, Словакия боз ҳам монеаи қабули бастаи мазкур гардид ва вето гузошт.

    “Ман хеле андуҳгинам, ки имрӯз мо натавонистем ба тавофуқ бирасем. Бояд бигӯям, ки мо имрӯз хеле наздик будем”, гуфт дар анҷоми нишасти матбуотӣ дар Брюссел роҳбари сиёсати хориҷии Аврупо Кая Каллас.

    Словакия ин бастаи таҳримҳоро на бинобар мазмуни он, балки бо мақсади дарёфти имтиёзҳо дар доираи тарҳи энергетикии RePowerEU, ки ба коҳиши вобастагии Иттиҳоди Аврупо аз манобеи энергетикии Русия равона шудааст, вето кардааст. Аммо муҳим он аст, ки Братислава наметавонад худи тарҳи RePowerEU-ро банд кунад, зеро татбиқи он ба раъйи якдилонаи ҳамаи кишварҳои узв ниёз надорад, хабар медиҳад dw.com.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates